Милистсия онҳоро шаш моҳ ҷустуҷӯ кард: боздошти ду ҷинояткор дар Тоҷикистон

© APЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВКД-и Тоҷикистон эълон кард, ки ахиран ду нафареро, ки дар содир намудани ҷиноятҳо гумонбар дониста шуданду, аз моҳи августи соли 2020 дар ҷустӯҷу қарор доштанд, дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати курҳои дохилаи Тоҷикистон ахиран зимни пешбурди корҳои фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ноҳияи Ҷайҳун ду нафар аз сокинони ноҳияи мазкурро, ки гумонбарони ҷиноятҳо будаву аз моҳи августи соли 2020 дар ҷустӯҷу қарор доштанд, дастгир намуданд.

Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Падарро “шантаж” мекард: агар пул надиҳи навори ошиқбози бо духтаратро ифшо мекунам

Гуфта шудааст, ки дастгиршуда Ёрмаҳмадов Оймуҳаммад дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – (авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, ҳамчунин несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр алоқаманд мебошад), гумонбар дониста мешавад.

Ҳамзамон кормандони милитсия Саидамиров Зоиршоро дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон –(қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ) гумонбар дониста мешавад.

Манбаъ қайд кардааст, ки нисбати дастгиршудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун, павандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0