Меғ мефарояд ва резиши қираву ҳавои сард боқӣ мемонад: обуҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкМорозное утро
Морозное утро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон эълон кардааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд ва резиши қирав боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Туман фаромада, резиши қирав боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво шабона  6-8 ва рӯзона   0-2 дараҷа хунук  мешавад.

Сильные морозы - Sputnik Тоҷикистон
Ожонси ҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад: то 50 дараҷа ҳаво сард мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво абрнок шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ  дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, резиши қирав боқӣ мемонад.

Гуфта шудааст, ки ҳаво  дар водиҳо  шабона 4-9  дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз  2 дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунукӣ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал омада, резиши қирав боқӣ мемонад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона ҳаво 2-7 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоятҳаво  шабона 25-30, дар баъзе ноҳияҳо то 33-38 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳарорати ҳаво 13-18 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   абрнок шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ  дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, резиши қирав боқӣ мемонад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона  0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ  дар назар аст. Фаромадани туман ва  резиши қирав боқӣ мемонад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 7-12  ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0