Эрон Трампро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дод

© REUTERS \ Leah MillisПрезидент США Дональд Трамп в Белом доме, Вашингтон
Президент США Дональд Трамп в Белом доме, Вашингтон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сухангӯи қувваи қазоии Эрон аз таҳвили номи 48 нафар аз афроде, ки дар террори Қосим Сулаймонӣ нақш доштаанд, аз ҷумла раисҷумҳурии Амрико, ба Интерпол супурда шуданд ва дархости огоҳиномаи сурх барои онҳо хабар дод

ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Сухангӯии қувваи қазоияи Эрон Ғуломҳусейни Исмоилӣ  дар бораи пайгирии ҳуқуқии парвандаи террори Қосим Сулаймонӣ бо баёни ин ки бархе кишварҳо санадҳое барои Эрон фиристодаанд гуфт, ки якояки авомил, яъне ин 48 нафар аз раисҷумҳури Амрико, ки омили аслии террор буд то фармондеҳон ва мақомоти мухталиф шиносоӣ шудаанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Сотни людей собрались у аэропорта Багдада в годовщину смерти Сулеймани: видео - Sputnik Тоҷикистон
Садҳо нафар барои гиромидошти хотираи Сулаймонӣ дар солгарди қатли ҷамъ омаданд - видео

Исмоилӣ  таъкид кардааст, ки дар бораи ин муттаҳамон дархости эълони сурх ба полиси байналмилал дода шудааст.

Эълони сурхи  интерпол ё эълон барои афроди таҳти пайгард аз назари кишварҳое, ки онро ба мӯҷиби низоми қазоии худ ба расмияти шинохтаанд, ба маънии дархости боздошти муваққат асту мабноии ҳуқуқии боздошти фарди таҳти пайгардро ташкили медиҳанд.

Ёдбуди Қосим Сулаймонӣ пас аз як соли маргаш- акс

Ёдрас мешавем, ки Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи пешини нерӯи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис муовини пешини Созмони Ал-Ҳашду Шаъбии  Ироқ ба ҳамроҳи ҳашт нафар дигар аз ҳамразмоншон сеюми январи 2020 дар атрофи фурӯдгоҳи Бағдод ба дастури мустақими Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико ва бо шиллики ракет аз паҳподҳои артиши ин кишвар ба кушта шуданд.

Лентаи хабарҳо
0