Мақомоти Русия мегӯянд, қайди иқомати муҳоҷирон дар Русия қариб ду баробар коҳиш ёфта, теъдоди иҷозатномаҳои кору патентҳо ба андозаи сеяк кам шуд.
Нархи патент барои соли оянда дар аксари минтақаҳои Русия хеле кам тағйир меёбад. Доштани патент– яке аз шартҳои ҳатмӣ барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар ҳудуди Русия мебошад.
Баландтарин нархҳои патент дар ҷумҳурии Саха, ҳавзаи Ямало-Ненетск, Кабардино-Балкар, вилояти Магадан, мнтақаи Приморе ва ҷумҳурии Хакасия ба қайд гирифта шуд.
Пасттарин нархи патент дар Чеченистон, Олтой, Осетияи Шимолӣ, Калмикия ва вилояти Астрахан ба қайд гирифта шудааст.
Дар мавриди он ки чӣ гуна нархи патентро дар ҳар минтақаи Русия ҳисоб мекунанд, дар кадом минтақа чӣ қадар нарх дорад, дар куҷо соли оянда боло рафтаасту дар куҷо поён шумо метавонед, дар тасвирбаён пайдо кунед.