Сартабиб: танҳо 3 гирифтори “вируси корона” бистарӣ мондаанд

© Sputnik Согдийская клиническая больница
Согдийская клиническая больница  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бемористони клиникавии Суғд пурра ба реҷаи фаъоияти муқаррарӣ гузашта, ҳоло омори бистаришавии гирифторони "вируси корона" ба сифр баробар шудааст. Ҳоло танҳо 3 нафар аз COVID-19 табобат мегиранд

ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Баҳодур Муъминов, сартабиби Бемористони клиникавии Суғд ба номи С. Қутфиддинов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон омори бистаришавии сокинон аз бемории ҳамагири COVID -19 - ро шарҳ дод.

Сартабиб гуфт, ду ҳафта ба ин тараф ягон ҳолати бистаришавии сокинон аз сироятёбии ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

"Бемористони клиникавии Суғд то оғози моҳи декабри соли 2020 ҳудуди ҳафт моҳ пурра ба бистарикунонии беморони каронавируси навъи COVID-19 равона шуда буд. Хушбахтона аз рӯзи 20 декабри соли 2020 пурра ба реҷаи муқаррарӣ гузашт ва ҳоло ҳеҷ яке аз маризони коронавирус боқӣ намондааст", - гуфт Муъминов.

Ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон омори бистаришавии сокинон аз "вируси корона" дар бемористонҳои Хуҷандро шарҳ дод.

Специалист Министерства обороны РФ в полевой биолаборатории, развернутой на авиабазе Орио-аль-Серио в Италии - Sputnik Тоҷикистон
Шумораи дақиқи гирифторони коронавирус маълум мешавад? Ташхисгоҳи нави вирусологӣ дар Суғд

Сартабиб иброз намуд, ки "ба ҳолати имрӯз танҳо се нафар аз гирифторони бемории ҳамагир дар Бемористони сироятии Суғд воқеъ дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд боқӣ мондаанд".

Бемористони сироятии Суғд ва ҳам Бемористони клиникавии Суғд дар Хуҷанд ду бемористони асосӣ дар шимоли Тоҷикистон дониста мешаванд, ки аз замони хуруҷи ин маризӣ барои бистарикунонии гирифторони коронавирус ҷудо шуда буданд.

Бемористони клиникавии ба номи С. Қутфиддинов дар умум аз 26 шуъба ва 680 кат иборат буда, аз калонтарин бемористонҳои Суғд ба ҳисоб меравад.

Ба ҳамин минвол чанд ҳафтаи ахир вазъи коронавирус дар Тоҷикистон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Аз пневмония фавтиданд: дар Суғд ягон марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Вазорати тандурустӣ имрӯз бо ироаи омори нав хабар дод, ки дар як шабонарӯзи ахир танҳо 5 мавориди нави сироятшавӣ ба ин вирус сабт гардид.

Ҳоло танҳо 155 нафар, ки бемории мазкурро дар ҳолати сабук мегузаронанд, дар шароити хона ба табобат фаро гирифта шуданд.

Лентаи хабарҳо
0