Рӯзи 5 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1796 муҳандиси англис Ҷемс Уатт барои ихтирои мошини буғӣ соҳиби шаҳодатнома гардид.
Соли 1998 дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод вохӯрии панҷ роҳбари давлатҳои осиёимиёнагии узви ИДМ – Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Соли 2009 дар Қазоқистон додани шиносномаи биометрӣ оғоз гардид.
Рӯзи 5 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2009 дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи фарҳангии ҷавонони Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 2010 ҳайати намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарии сарвазири вақт Оқил Оқилов ба ноҳияи Ванҷ, ки 2 январи соли 2010 бар асари заминҷунбии сахт зарар дида буд, сафар кард.
Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба сохтмони НБО "Роғун" ба мардум муроҷиат намуд.
Соли 2016 хабар доданд, ки дар соҳаи тибби вилояти Суғд рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ пайваст. Нахустин маротиба дар беморхонаи клиникии №1-и маркази вилоят ба сокини ноҳияи Ғончӣ Фурқат Мансуров амалиёти ҷарроҳии пайваст намудани гурдаи модараш бомуваффақият гузаронида шуд.
Соли 2016 бо амри Подшоҳи Арабистони Саудӣ дари Каъбатуллоҳ ба рӯйи Эмомалӣ Раҳмон боз шуд.
Соли 2016 дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ Эмомалӣ Раҳмон дар масҷиди набавии шаҳри Мадина равзаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммадро (с) зиёрат кард.
Ҷашнҳои рӯзи 5 январ
- Дар ИМА – Рӯзи миллии парандагон.
- Дар Беларус – Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ.
Рӯзи 5 январ кӣ ба дунё омадааст
Агаханянс Окмир (1927-2002) - доктори илми география, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Раҷаб Аслам (1958)- шоир.
Олимҷон Бобоев (1950) - доктори илми иқтисод, профессор.
Мавлон Ваҳҳобов (1909 - 1988) - доктори илми таърих, профессор.
Асад Гулзода (1935)- шоир.
Ғаффор Мирзо (1929 - 2006) - Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурӣ; * Қурбон Алӣ (1936 - 1984) - нависанда.
Саидмурод Мардонов (1940) - актёри театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Шарафнисо Маҳмадҷонова (1926)- собиқадори матбаа, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Муҳаммадзамони Солеҳ (1951 - 2009) - нависанда.
Ҳабибулло Нозирӣ (1958) - шоир.
Абдураҳим Раҳимов (1952 - 2001) - арбоби фарҳанг, профессор.
Хайрулло Раҳимов (1925-2011) - нависанда , педагог, профессор.
Нина Тичинина (1930) - журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Амонбой Чуманов (1943) - нависандаи узбекзабони Тоҷикистон.
Муҳаммадҷон Шодиев (1954) - актёри театру кино, Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон.