Вакилони парлумон ба дидори мардум мераванд

Обуна шудан
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мувофиқи дастурамали порлумони кишвар барои мулоқот бо мардум мераванд

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, вакилони мардумӣ то 9 январи соли равон ба навоҳии ВМКБ, Суғд, Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ хоҳанд рафт.

Табличка на здании парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Ба кӣ, барои чӣ? тақдими ордену, медал ва нишонҳои фахрӣ ба вакилони парлумон

Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат вакилон бо аҳолии минтақаҳое, ки бо дастгирияшон ба парлумон роҳ ёфтанд, мулоқот хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, зимни дидорҳо вакилон вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳоро омӯхта, бо мушкилоти мардум огоҳии беҳтар пайдо карда, назароти ононро ба ҳукумат хоҳанд расонид.

Инчунин дар назар аст, ки вакилон аз санаду қонунҳои қабулкардаашон суҳбат кунанду назари мардумро шунаванд ва ҳамзамон мазмуну муҳтавои паёми президентро ба мардум расонанд.

Ин сафар дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон гилаҳо аз камфаъолиятии вакилон ва шинохта набуданашон дар миёни мардум зиёд садо медиҳанд.

Ёдовар мешавем, вакилон соли гузашта барои 10 рӯз аз 7 январ барои мулоқот бо аҳолӣ рафта буданд.

Лентаи хабарҳо
0