Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, меғ мефарояд.

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабри бебориш шуда, туман мефарояд. 

Снегопад в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тавсияҳои КҲФ ба ронандагону пиёдагардон дар рӯзҳои яхбандиву меғфароӣ

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона ҳаво 1-6 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоятҳаво  шабона 27-32, дар баъзе ноҳияҳо то 34-39 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳарорати ҳаво 13-18 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа гарм то 4 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона  аз 1 дараҷа гарм то 4 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8  дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз  2 дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо то 4-6 дараҷа хунукӣ дар назар аст.

Дар  шаҳри Душанбе бошад, ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  3-5 дараҷа хунук  ва рӯзона   5+7 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0