ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Се кишвари Осиёи Марказӣ билофосила таконҳои шадидро бо шиддати 4,6 балл эҳсос карданд, хабар медиҳад Хадамоти Муттаҳидаи Геофизикии Академияи илмҳои Русия.
Тоҷикистон, Ӯзӣекистон ва Афғонистон зилзиларо дар қаламравҳои наздимарзии худ эҳсос карданд, ки бегоҳ соати 23:48 ба вақти Душанбе рух дод.
Бо такя ба мониторинги Маркази сейсмологии Аврупо ва Миёназамин, ларзишҳо дар Тоҷикистон дар 34 километрии маркази маъмурии ВМКБ, шаҳри Хоруғ рух доданд.
Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, маълум аст, ки маркази зилзила дар Кундузи Афғонистон дар умқи 197 километр ва аз рӯи дигар манбаъҳо дар умқи 120 километр ҷойгир будааст.
Харобиовартарин офатҳои табиии соли 2020 - 24 акси тасхиркунанда
Масофа аз маркази зилзила то Тошканд тақрибан 530 километр дар самти ҷанубу шарқ буда, дар қаламрави Ӯзбекистон тақрибан эҳсос нашудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳодисаро шарҳ надодаву хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.