ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Футболбози португалӣ ва ҳамлагари дастаи "Ювентус" Криштиану Роналду аввалин шахсе дар ҷаҳон аст, ки тавонист дар саҳифаи Инстаграм 250 миллион аъзо ҷамъоварӣ кунад.
Ягона рақиб барои ӯ худи сафҳаи шабакаи иҷтимоӣ аст, ки онро 382 миллион нафар пайгирӣ мекунад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Дар айни замон, варзишгар дар Инстаграм қариб 3 ҳазор пост дорад. Яке аз маъмултарини онҳо акс бо футболбози афсонавӣ Диего Марадона мебошад, ки 25 ноябри соли 2020 даргузашт.
Ин акс беш аз 19,7 миллион лайк ба даст оварда, машҳуртарин акс дар соли 2020 гардид ва 3 акси машҳуртарини Instagram дар тамоми таърихи шабакаи иҷтимоиро гузашт.
Ҷойи дуюмро аз рӯи шумораи муштариён ҳисоби овозхони амрикоӣ Ариана Гранде ишғол мекунад. Дар айни замон, 214 миллион муштариён хабарҳои ӯро пайгирӣ мекунанд.
Актер ва продюсер Дуэйн Ҷонсон сегонаи беҳтаринро хотима мебахшад. Саҳифаи ӯро 209 миллион нафар пайгирӣ мекунанд.