Чанду чаро? Рустами Эмомалӣ аз афзоиши бистарӣ шудани беморон гуфт

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкПациент в больничной койке, архивное фото
Пациент в больничной койке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, мегӯяд, беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ, яке аз вазифаҳои асосии мақомот ба ҳисоб меравад

ДУШАНБЕ, 2 янв - Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдори Душанбе, дар сохтори тандурустии пойтахт айни замон 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд.

Люди в защитных масках на остановке общественного транспорта  - Sputnik Тоҷикистон
Гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон ба 80 миллион наздик шуд: ташвиши нав аз шакли нави он

“Дар 16 муассисаи табобатӣ 2745 кати муолиҷавӣ ва дар 2 хонаи кӯдакон 200 кат ташкил карда шудааст, ки дар онҳо кӯдакони бепарастори то синни 4-сола бистарӣ мешаванд. Аз ин шумора 905 катҳои терапевтӣ, 614 катҳои ҷарроҳӣ, 495 катҳои акушер-гинекологӣ ва 731 катҳои педиатрӣ мебошанд”, - изҳор дошт шаҳрдор зимни ҳисоботи солонааш.  

Рустами Эмомалӣ инчунин аз афзоиши беморхобонӣ дар пойтахт дар соли 2020 гуфт. Ӯ афзуд, ки бистарӣ шудани беморон дар соли 2020 нисбати омори соли пешӣ ҳудуди 17,5 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

“Дар давраи ҳисоботӣ 74,2 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,5 ҳазор нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 24,5 ҳазор нафар ё 33,1 фоизро аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд. Нишондоди миёнаи бистарӣшудани беморон 7,2 рӯзро ташкил дод”, - гуфт раиси Душанбе.

Тибқи иттилои расмӣ, дар сохтори соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 3346 нафар табибон ва 5648 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.

Лентаи хабарҳо
0