Истеҳсолоти ҳаётӣ: навори фаъолияти корхонаи тавлиди оксиген

Обуна шудан
Тайи як соат корхона ҳудуди 6 тонна оксигенро коркард мекунад. Маҳсулоташро аз ҳавои атроф гирифта, коркард мекунад

Дар Белорус корхонаи нодири “Крион” фаъолият дорад, ки ба тавлиди оксигени таъйиноти тиббӣ машғул мебошад. Ин ба маънои томаш истеҳсолоти дорои аҳамияти ҳаётӣ мебошад, ки барои бисёри беморони бистаришуда муҳим мебошад.

Микроскоп - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи вирусологӣ ва эпидемиологӣ ифтитоҳ мешавад

Корхона, ки ба истеҳсоли  оксиген машғул аст, аз соли 1956 кор мекунад. Бо сар задани пандемия талабот ба оксиген афзоиш ёфт, аз ҷумла дар қиёс бо аввали соли гузашта 4 баробар зиёд шудааст.

Талабот ба оксигени таъйиноти тиббӣ сахт мебошад. Назорати сифат хеле шадид буда, ҷиддӣ риоя мешавад.

Истеҳсолот дар корхона на дар рӯзҳои истироҳат ва на дар рӯзҳои ид қатъ намешавад. Корхона шабонарӯзӣ кор мекунад.

Захира кардани маҳсулот чандон имконпазир нест, чун муҳлати нигоҳдории ин маҳсулот кам мебошад. Бо вуҷуд захираи муайяне дар корхонаи “Крион” мавҷуд аст. Ягон муассисаи тиббиро корхона бе оксиген нагузошта таъминот ба тамоми қаламрави кишвар роҳандозӣ шудааст.

Дар навор метавонед, раванди истеҳсоли оксигенро тамошо кунед, ки бидуни шубҳа маҳсулоти соли 2020 мебошад.

Лентаи хабарҳо
0