ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса дар ҳудуди роҳи Душанбе-Хуҷанд рух додааст.
Гуфта мешавад, санаи 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 02:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи "Мерседес-Бенс" Гадоев Сайалишо Назаровичи 54-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
"Мутаассифона ронанда худравро ба чуқурии 150-200-метра чаппа намудааст", - меафзояд корҳои дохилии Тоҷикистон.
Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.