Тӯлонитар аз ҳама: Путин мардуми Русияро бо Соли нав шодбош гуфт

Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин сокинони кишварро бо соли нави 2021 шодбош намуд. Ин таҳният тӯлонитарин шодбошиҳо президент буд

Паёми солинавии президенти Русия Владимир Путин тӯлинитарин шодбошиҳо дар соли нав буд. 

Он дар Кремл сабт шудаву 7 дақиқа давом кард.

Таджикистан празднует День национального единства - Sputnik Тоҷикистон
Президент тоҷикистониёнро бо Соли нав шодбош гуфт

Ин паёмро бо далели фарқ дар минтақаи замонӣ пеш аз ҳама сокинони Камчатка тамошо карданд.

Дар паёми шодбошӣ Путин таъкид кард, ки соли 2020 мушкил буд ва "бори чанд солро дар худ ғунҷонид". Аммо, афзуд президент, пур аз умеди пуштисар кардани мушкилиҳо буд.

Дар рафти суханронӣ Путин ба мавзӯи коронавируси нав диққати бештар дод.

Ӯ гуфт, ки пандемия зиндагии маъмулиро тағйир дод.

"Озмоишҳо ва мусибатҳо албатта мегузаранд. Бо мо асосаш мемонад: он чизе, ки моро олиҳиммат ва қавӣ мегардонад: муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ ва дастгирӣ , - гуфт президенти Русия."

Ӯ аз сокинон даъват намуд, ки ба худ бовар дошта бошанд ва аз дар муқобили мушкилот ақибнишинӣ накунанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0