Вируси корона ба Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои ИДМ, ба истиснои Туркманистон дертар расид. Ишқобод ҳоло низ аз ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси корона расман хабар надодааст.
Расман аз аввалин ҳолатҳои гирифторӣ ба вируси корона охири моҳи апрел хабар дода шуд.
Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз охири апрел то ҳол дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 13 ҳазору 296 нафар расидааст.
Вазорат шоми 30 декабр иттилоъ дод, ки як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 31 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор гардида, 36 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуд. Дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12799 нафар баробар гардид.
Аз замони хуруҷи ин маризӣ дар кишвар то ҳол расман 90 нафар аз коронавирус ҷон додаанд.