ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар ин ҷаласа раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳозиринро бо матни қарорҳои тозатасвиб оид ба тағйироти кадрӣ дар дастгоҳи раис шинос кард, хабар дод котиботи ҳукумати Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, Дадобоев Алишер Тоҳирҷонович, ки то ин вақт муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон буд, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъин гардид.
“Ҳамзамон, Сафарзода Сайфиддин Хайрулло муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят таъин шуд. Сайфиддин Сафарзода то ин замон директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон буд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, Маҳмадсаид Зуҳурзода, ки ин қаблан дар мақоми сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо фаъолият мекард, бо қарори раиси вилоят мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳ таъин гардид.
Котибот мегӯяд, раиси вилоят ба кадрҳои навтаъин, ки мутахассисони соҳибихтисосу корозмуда мебошанд, дар иҷрои вазифаҳои хидматиашон барору комёбӣ таманно кард.