ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Шӯрои ҳамоҳангии ҳукумати Федератсияи Русия барои мубориза бо густариши маризии сироятии “вируси корона” дар қаламрави Русия вуруди ҳудуди 460 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишварро ба таъхир афкандааст.
“Қаблан ин Шӯро ба ин афрод, ки аз корфармоёни худ дар Русия даъватномаи расмӣ гирифта буданд, иҷозаи вуруд дода буд. Аммо бо ташдиди вазъи эпидемиологӣ дар он кишвар ин Шӯро қарор кард, ки вуруди онҳо то беҳбуд ёфтани вазъ ба таъхир гузошта шавад”, - гуфт манбаъ.
Тибқи иттилои ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 7 ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Тоҷикистон ба сар мебаранд, аз корфармоёни Русия даъватномаи корӣ гирифтаанд ва фақат 462 нафар то кунун иҷозаи Шӯрои ҳамоҳангии мубориза бо густариши “вируси корона” дар қаламрави Русияро ба даст овардаанд.
“Теъдоди онҳо бамаротиб зиёд мебуд, агар вазъи эпидемиологӣ дар Русия ба вахомат намегароид”, - гуфт манбаъ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳазорон муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар Тоҷикистон дар интизори боз шудани роҳҳо ба Русия нишастаанд ва теъдоди дақиқи расмии онҳо маълум нест.
Ҳамасола тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 1 ва ғайрирасмӣ, ҳудуди 2 миллион муҳоҷири меҳнатии Тоҷикистон ба Русия мераванд.
Имсол ба далели пандемияи COVID – 19 ин рақам бамаротиб коҳиш ёфт ва ягон муҳоҷири тоҷик, ба истиснои онҳое, ки шаҳрвандии Русияро доранд, натавонистанд барои кор ба он кишвар раванд.
Роҳҳои заминиву ҳавоии миёни Тоҷикистону Русия дар пайи пандемияи “вируси корона” аз моҳи марти соли равон ба ин сӯ баста аст.
Ҷонибдории Тоҷикистон аз пешниҳоди Вазорати сохтмони Русия дар мавриди муҳоҷирон
Дар ин миён танҳо парвозҳои хуруҷӣ ё якҷониба аз ҷониби ширкатҳои ҳавонавардии ду кишвар анҷом мешаванд. Ҳавопаймоҳо бо иҷозаи мақомоти расмӣ аз Тоҷикистон бидуни истисно танҳо шаҳрвандони Русияро интиқол медиҳанд.