Дар Интернет наворе пайдо шуд, ки дар он голи зебои футболбози тоҷик Ислом Зоиров дар бозии дӯстонаи тимҳои ҷавонони Тоҷикистону Эрон дида мешавад.
Дар ин наворе, ки аз чанд нуқта сабт шудааст, дида мешавад, ки чӣ гуна футболбозони ду тими миллӣ дар шароити бади обу ҳаво футбол бозӣ мекунанд.
Бориши барф дар пойтахт нишонаҳои худро дар майдони футбол низ гузошт ва барои футболбозон бозӣ кардан дар ин шароит чандон осон набуд.
Аммо, сарфи назар аз ҳавои сард бозии аҷибу диданӣ сурат гирифт. Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна Зоиров ба дарвозаи тими миллии Эрон як голи зебои ҷавобӣ задааст.
Ёдовар мешавем, ки бозии дуввуми дӯстонаи тимҳои ҷавонон, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби баробар анҷом ёфт.
Бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Дар бозии аввал футболбозони Тоҷикистон бо ҳисоби 2: 1 пирӯз шуда буданд.