Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, меғ мефарояд.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо камабри бебориш мешавад. 

Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 дараҷа хунук ва рӯзона аз 9-14 то 17-22 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  аз 27-32 то 35-40  ва рӯзона аз 9-14 то 17-22  дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Прохожие разговаривают с Дедом Морозом в Александровском саду в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, ки дар Соли нав барф меборад ё не

Ҳаво дар вилояти Суғд   камабри бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона  4-9 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳаво 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад.

Обуҳавошиносон ҳавои чанд рӯзи ахири соли 2020-ро пешбинӣ карданд

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8  дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз  4 дараҷа хунук  то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо то 6-11 дараҷа хунукӣ дар назар аст.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  5-7 дараҷа хунук  ва рӯзона   3+5 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0