Суҳбати Раҳмон бо Лукашенко: субот таманно кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои белорусаш Александр Лукашенко, суҳбати телефонӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко имрӯз баргузор шуд.

Президент Белоруссии Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Ваъдаи Лукашенко ба мардумаш: ором шавед, тибқи Сарқонуни нав президент нахоҳам буд

Президентҳои ду кишвар ҳамдигарро ба муносибати фаро расидани Соли Нав самимона табрик намуданд, таъкид кардааст котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Белорус осмони соф, субот ва рушди устувор таманно кардааст.

"Дар рафти суҳбат сарвари давлати мо қайд намуданд, ки ба шарофати саъю талошҳои ҷонибҳо муносибатҳои ду кишвар тайи солҳои охир ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Котибот илова намуд, ки дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои судмандро дар чорчӯбаи шарикии босамари стратегӣ минбаъд низ афзоиш хоҳанд дод.

Лентаи хабарҳо
0