ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Аяз Ата, Шахта Баба, Метс Папук, Корбобо, Мош Кречун, Товлис Бабуа, Дед Мороз – чунин ном доранд, ҳамтоёни бобои барфӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ. Қариб ҳамаи онҳо набераҳо доранд, аммо бобои барфӣ дар Молдова ва Гурҷистон истисноанд, чун тӯҳфаҳоро мустақилона мерасонанд.
Дар Тоҷикистон низ рамзи Соли нав Бобои Барфӣ мебошад, бархе ақаллиятҳо онро Колотун бобо низ ном мебаранд. Ба шухӣ албатта.
Монандиҳои бобои барфии тоҷикӣ ва русӣ
Бобои Барфии тоҷикӣ набера бо номи Барфак дорад. Вай ба бобояш дар тақсими тӯҳфаҳо ба кӯдаконе, ки дар соли гузашта рафтори хуб доштанд, кӯмак мекунад, шеърҳо ва сурудҳои идонаи онҳоро мешунавад, бо ҳама бо завқ аксбардорӣ мекунад.
Бобои Барфӣ инчунин хонаи худро дорад, ки ҳудуди 4 сол пеш дар истироҳатгоҳи “Сафед-Дара” дар шакли бинои махсус орододашуда пайдо шуд. Баробари ин соли гузашта дар канори яке аз майдонҳои Душанбе низ барои Бобою Барфак хона сохтанд, то кӯдаконро қабул кунанд.
Дар солҳои пеш кӯдакон дар Тоҷикистон, тақрибан як моҳ қабл аз Соли нав, ба навиштан ва фиристодани номаҳо ба Бобои Барфӣ шуруъ мекарданд, ки дар он баробари шодбошиҳо аз рӯйдодҳои соли гузашта қисса мекарданд. Дар даврони технологияҳои нав, ин шева чандон роиҷ нест. Суроғаи электронӣ ё сомонаи худро Бобои Барфӣ надорад.
Бобои Барфии тоҷик низ, чун ҳамтои русаш, риши сафеди ғафс ва мӯйи сафед дорад. Мӯйлабаш низ сафеду барҷаста аст.
Инчунин, садои бобоҳои тоҷику рус шабеҳ аст. Онҳо садои мулоими марғуладор доранд, ки ба дуриҳо мерасад. Ҳар касе, ки онро мешунавад, дар замираш шавқи ҷашни бузург бедор мешавад.
Дар баъзе мавридҳо Бобой Барфӣ аз сурудхонӣ ва рақсидан шарм намекунад, гарчанде дар рақс низ ҳадро нигоҳ медорад.
Чӣ умумияте бобоҳо новобаста аз номашон доранд? Онҳо самимона кӯдаконро дӯст медоранд, омодаанд онҳоро шунаванд, дастгирӣ кунанд ва барои хотира аксбардорӣ намоянду тӯҳфае тақдим кунанд. Роҳи дигаре буда наметавонад, чун кӯдакон ҳаводорони содиқу самимии Соли Нав бо арчаи идона ороёфта, оташбозии шомгоҳӣ ва туҳфаҳо мебошад.
Фарқиятҳои хоси Бобои Барфӣ
Бобои Барфӣ махсусиятҳои миллӣ низ дорад. Ӯ сарфи назар аз мӯйу риши сафед, сабзинаранг ва дорои абрӯҳои сиёҳ мебошад, ки таъсири офтоби тафсони тоҷик мебошад. Инчунин асои калонро, ки барои бисёри бобоҳо хос аст, Бобои Барфӣ аксаран надорад.
Бобои тоҷик чапони кабуди рӯшан дорад, ки албатта гарм мебошад. Онро аз миён бо рӯймоли зардӯзишуда баста, дар сар тоқӣ дорад. Аксаран маҳсию калӯш дорад. Дар маҷмуъ анвои гуногуни пойпӯшҳои мавсимиро дидан мумкин аст. Пойафзолҳои намадин аз ҳад гарм хоҳанд буд, чун сармои шадид дар Тоҷикистон хеле кам рух медиҳад.
Ҷисман Бобои Барфӣ чандон тануманд нест, аксаран қади миёна дораду лоғар мебошад. Инчунин забондон аст, ки ҳадди ақал бо ду забон – русию тоҷикӣ балад аст, дар бархе қисматҳои шимолу ҷануби Тоҷикистон инчунин забон ӯзбекиро низ одатан медонад.
Тафсирҳои замони шӯравию миллӣ
Вақтҳои охир тафсири дигари номи Бобои барфӣ пайдо шудааст. Дар Донишномаи озод бо забони тоҷикӣ омадааст, ки Бобои барфӣ пайкараи одии барфӣ мебошад, ки одатан аз замонҳои қадим пеши хонаҳо аз барф месохтанд.
Гап сари он аст, ки Тоҷикистон соли навро ду бор ҷашн мегирад, аввал чун ҳама шаби 31 декабр ба 1 январ ва баъдан дар шаби баробарии рӯзу шаб дар баҳор Наврӯзро таҷлил мекунанд. Бархе даъватҳо низ шуданд, ки аз таҷлили Соли нави мелодӣ даст кашида шаваду танҳо Наврӯз, ки миллӣ аст, ҷашн гирифта шавад.
Агар назари ин гуруҳ боло гирад, ояндаи Бобои Барфӣ чандон дурахшон нест. Онгоҳ Бобои Барфии тоҷикӣ чун соли нави зимистонӣ ба нестӣ меравад. Вақтҳои охир даъватҳо барои маҳдуд кардан кам садо медиҳанд, бинобар ин барои суҳбат аз нестшавии Бобои Барфӣ ҳанӯз барвақт аст.
Бобои Барфии тоҷикӣ сарфи назар аз он ки чандон тануманд нест, аз пуштибонии қавии тамоми кӯдакони Тоҷикистон бархӯрдор мебошад. Гуруҳи кӯдакон, якҷоя метавонанд ҳар саддеро шикананд. Бинобар ин Соли Нав муборак Тоҷикистон!