Муроҷиати 64 нафар дар Хуҷанд: баъзеҳо рӯи ях лағжида, дасту пояшон шикаст

© congerdesign / pixabayРука в гипсе
Рука в гипсе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи боридани барф ва яхбандии роҳҳои шаҳри Хуҷанд, муроҷиати сокинон ба нуқтаи осебшиносӣ бештар шудааст. Рӯзи 28 декабр ҳудуди 64 нафар ба нуқтаи осебшиносии Маркази саломатии № 1 шаҳр муроҷиат кардаанд, ки баъзеҳо дар рӯи ях лағжида аз дасту пой осеб бардоштанд

ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Ҷамшедҷон Абдуллоев, мудири нуқтаи осебшиносии Маркази саломатии № 1 Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муроҷиати шуморе аз сокинон ба яхбандии роҳҳо алоқаманд аст. Ӯ таъкид кард, ки ташхиси рентгенӣ собит намудааст, ки беш аз 21 нафар бо шикасти даст ва ё пой ба онҳо муроҷиат кардаанд.

 “Боридани барф дар шаби 27 ба 28 декабр аз ҳодисаи камназири табиат дар чанд соли охир дар Хуҷанд ба ҳисоб меравад. Боридани барф аз як тараф хурсандиовар аст, чунки сафедӣ падидаи хуб аст. Аммо барои баъзеҳо, ки пиёдагардӣ карданд, мушкилӣ овардааст. Дар ин сана дар умум 64 нафар бо сабаби бардоштани осеби гуногун муроҷиат намуданд”, - зикр кард Абдуллоев.

Бино ба гуфти табибон сину соли муроҷиаткунандаҳо мухталиф буда, дар миёни онҳо аз 10 сола то нафақахурон шомил будаанд.

Ба ҳангоми суҳбат бо табибон, шуморе аз муроҷиаткунандаҳо изҳор намудаанд, ки дар пайи лағжиш дар рӯи ях аз ноҳияи дасту пой захм бардоштаанд.

Снегопад в Худжанде 2020 - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Хуҷанди бостонӣ дар иҳотаи барф - видео

Дар ин миён яке аз муроҷиаткунандаҳо нафақахури 65 - сола будааст, ки дар вақти пиёдагардӣ бехатарии худро фикр накарда, рӯи ях афтида осеб дидааст.

Ҷамшед Абдуллоев, гуфт тахшиси рентгении беш аз 20 нафар собит намудааст, ки ба мутаасифона ба мушкили шикастани устухони дасту пой дучор шудаанд.

“Ба ҳамаи муроҷиаткунандаҳо сари вақт ёрии тиббӣ расонида шуда, ба онҳое, ки осебашон нисбатан вазнинтар малҳам бо истифода аз гаҷ (гипс) баста шуд”, - таъкид намуд Абдуллоев

 Рӯзи 28 - уми декабр бинобар боридани барф ва сард шудани ҳарорат роҳҳои вилояти Суғд аз ҷумла шаҳри Хуҷанд ях баста мушкили роҳгардии сокинонро ба вуҷуд овард.

Дар пайи пайи яхбандии роҳҳо ҳаракати нақлиёт низ душвор гардида мавридҳои берун шудани мошинҳо аз масири ҳаракат мушоҳида гардид.

Ба иттилоъи масъулини БДА Суғд, рӯзи 28 декабр 3 садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ҳудуди Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст, ки хушбахтона мусофирон осеби ҷиддӣ набардоштаанд.

Лентаи хабарҳо
0