Мудири шуъба: вазифаи нави Абдуллоҳи Раҳнамо

© Sputnik / Шоира ЮсуповаАбдулло Рахнамо, архивное фото
Абдулло Рахнамо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос ва собиқ мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар Иттифоқи нависандагони ин кишвар вазифаи нав гирифт

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Абдуллоҳи Раҳнамо мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии адабии Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон таъин шудааст.

“Ӯ дар ин вазифа Ато Ҳамдамро, ки ба вазифаи дигар дар Иттифоқи нависандагон – мудири шуъбаи драматургия гузашт, иваз кард”, - гуфт манбаъ.

Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, 10-уми марти соли 1971 дар ноҳияи Ҳисор зода шуда, фориғуттаҳсили Техникуми полититехникии Душанбе ва факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Начальник Управления анализа и прогнозирований внешней политики Центра стратегических исследований при президенте РТ Абдулло Рахнамо - Sputnik Тоҷикистон
“Шоҳҷоиза” ва 50 ҳазор сомонӣ: пирӯзии писари Абдуллоҳи Раҳнамо дар даври ниҳоӣ

Аспиранти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ буд ва дар сиёсатшиносиву диншиносӣ дар Ирон, ИМА, Миср ва Русия такмили ихтисос намуда, соли 2007 дар мавзӯи "Масъалаи ҳокимият дар равандҳои сиёсии Тоҷикистони муосир" рисолаи илмӣ ҳимоя намудааст.

Дар Дастгоҳи иҷроия ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон фаъолият намуда, чанд соли ахири мушовири ин марказ буд.

Муаллифи китобҳои "Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ", Уламои исломӣ дар Тоҷикистон", "Ислом ва амнияти миллӣ", "Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ" ва даҳҳо мақолаи илмию таҳлилӣ мебошад. Дар муассисаву донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Париж, Кобул, Ҳирот, Нанганҳор, Бостон, Сиэтл, Огая, Ню-Йорк, Вашингтон лексияҳо хондааст.

Дар риштаи шеър низ нерӯ озмуда, муаллифи ду маҷмӯаи шеърӣ низ мебошад. Абдуллоҳи Раҳнамо аз соли 2014 узви одӣ ва аз 23 декабри соли равон узви Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ин раёсат аз 17 нафар иборат буда, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари Президент дар умури робита бо ҷомиа ва Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0