ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Кормандони милитсия сокини 26 - солаи шаҳри Ҳисорро боздошт намуданд, ки дар куштори ҳамшаҳрии худ гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур санаи 26 - уми декабр рух додааст.
Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд
"Ҷавони 26 - сола, сокини шаҳри Ҳисор, субҳи барвақт соати 06:30 дақиқа ба ин амали зишт даст задааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, номбурда бо роҳи ғайриқонунӣ вориди манзили зисти зани 52 - сола шуда, ӯро аз роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонд.
Рашк: куштор ҳангоми дидани алоқаи ҷинсии зани ҷавонаш бо ҳамсоя-видео
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои "и", "л" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.