https://sputnik.tj/20201230/Emomali-Rahmon-bo-qosim-jomart-Toqaev-telefoni-suhbat-kard-1032554489.html
Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим Ҷомарт Тоқаев телефонӣ суҳбат кард
Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим Ҷомарт Тоқаев телефонӣ суҳбат кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев телефонӣ суҳбат карда, таъкид кард, ки алорағми пандемияи COVID -19 ҷонибҳо... 30.12.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-12-30T14:01+0500
2020-12-30T14:01+0500
2021-04-19T16:44+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103147/78/1031477874_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_bee7d29c9ccb08160d1edf69733e646f.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103147/78/1031477874_95:0:816:541_1920x0_80_0_0_46ccb78c3640ac179570c780470f757c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, осиёи марказӣ, эмомалӣ раҳмон, суҳбати телефонӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, осиёи марказӣ, эмомалӣ раҳмон, суҳбати телефонӣ
Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим Ҷомарт Тоқаев телефонӣ суҳбат кард
14:01 30.12.2020 (Навсозишуда: 16:44 19.04.2021) Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев телефонӣ суҳбат карда, таъкид кард, ки алорағми пандемияи COVID -19 ҷонибҳо тавонистанд рушди мусбати шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро нигоҳ доранд
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кишвардори Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев телефонӣ суҳбат кард.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар оғози суҳбат ҷонибҳо ба муносибати фарорасии Соли нави 2021-ум мубодилаи табрикоти гарм намуда, ба мардумони Тоҷикистону Қазоқистон некӯаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу кардаанд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ оид ба тамоми мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид карданд.
Махсусан таъкид гардид, ки алорағми ҳамаи мушколите, ки соли ҷорӣ бар асари пандемияи COVID -19 сар задаанд, ҷонибҳо тавонистанд рушди мусбати шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро нигоҳ доранд.
"Ҳамин аст, ки имрӯз ҳам Қазоқистон ҳамчун яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад", - гуфтаанд президентҳо.
Ҳамчунин ҷонибҳо изҳори боварӣ намудаанд, ки бо саъю талоши муштарак ҳамкориҳои судманди байни ду кишвар минбаъд ҳам дар ҳамаи арсаҳо идома хоҳанд ёфт.