ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ҳамасола муассисаҳои таълимии ноҳияи Роштқалъа аз 500 то 600 тонна ангиштсанг захира менамуданд. Аммо соли равон аз аввали моҳи ноябр ҳарорати ҳаво хеле паст фаромад ва мавсими гармдиҳӣ дар муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ барвақт оғоз ёфт.
АМИТ "Ховар" аз қавли муовини раиси ноҳия Роза Гуламадшоева менависад, илова бар ин баъзе аз биноҳои муассисаҳои навбунёди таъиноти иҷтимоӣ тавассути бухориҳои барқӣ гарм карда мешаванд, аммо соли равон ба иллати сардии ҳаво сатҳи оби рӯдхонаҳо паст шуд ва неругоҳҳои вилоят натавонистанд бо иқтидори пурра кор кунанд.
Бинобар ин муассисаҳои мазкур низ барои сарфа намудани неруи барқ синфхонаву утоқҳои кории худро бо ҳезуму ангиштсанг гарм мекунанд ва аз ин рӯ талабот ба маводи сӯзишворӣ бештар шуд.
Дар ин росто, ақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ирсоли як нома аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки дар таъмини баъзе аз муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ бо ангиштсанг ба онҳо кумак намояд.
Ва ҳамин тавр, то имрӯз ба маркази ноҳия 85 тонна ангиштсанг ворид гардида, он сари вақт ба муассисаҳҳои таълимии деҳоти дурдаст низ интиқол дода шуд.