Теъдоди парвозҳо аз Душанбе ба Стамбул ва Дубай афзоиш ёфтанд

CC BY 2.0 / Papas Dos / P4-SOM B739(ER) Somon Air DME UUDDСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин тасмим дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо бемории COVID-19 ва ё коронавирус гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Теъдоди парвозҳо аз Душанбе ба Стамбул ва Дубай афзоиш ёфтанд, хабар додааст Директори  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

"Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон теъдоди парвозҳои ҳавопаймоҳоро дар масири Душанбе-Дубай /Аморати Муттаҳидаи Араб/ ва Душанбе-Истанбул /Туркия/ афзоиш додааст. Ин тасмим дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо бемории COVID-19 гирифта шудааст", - изҳор доштааст вай.

Минбаъд дар як ҳафта дар масири Душанбе-Дубай ва Душанбе-Истанбул чор парвоз сурат мегирад.

Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон
Ояндаи наздик: умеди раиси авиатсия аз барқароршавии парвоз миёни Тоҷикистону Русия

Дар  самти Душанбе-Дубай, ду парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва ду парвоз аз сӯи ширкати ҳавопаймоии Аморати Муттаҳидаи Араб "Fly Dubai" анҷом дода мешаванд.

Ҳамзамон аз чор парвоз дар масири Душанбе-Истанбул, ду парвоз  аз сӯи ширкати  "Сомон Эйр" ва ду парвози дигар  аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Туркия "Turkish Airlines" сурат мегирад. 

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон 20 марти соли равон парвозҳои байналмилалиро қатъ ва марзҳояшро ба рӯи дигар кишварҳо баста буд. Бархе аз шаҳрвандони кишвар дар ҳар мамолики хориҷ дармонданд. Баъдтар барои бозгардонии шаҳрвандон парвозҳои чартерӣ ба роҳ монда шуданд.

Боз як кишвар парвозҳоро барқарор мекунад - бо Тоҷикистон чӣ?

Аз 21 июл Тоҷикистон парвозҳои Душанбе-Дубай-Душанберо аз сар гирифт. Парвоз бо шаҳри Дубай як маротиба дар як ҳафта аз ҷониби ширкатҳои Fly Dubai ва "Сомон Эйр"анҷом дода мешуданд.

Лентаи хабарҳо
0