ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Тарроҳи муваффақи мӯди фаронсавӣ Пер Карден аз олам гузашт, хабар медиҳад AFP бо такя ба маълумоти пайвандони марҳум.
Карден зодаи Италия буда, рӯзи 29 декабр дар синни 98 - солагӣ даргузашт.
Маълум аст, ки Карден дар бемористони Ней воқеъ дар ғарби Порис аз олам чашм пӯшид. Ҳоло иллати марги ӯ ифшо нашудаст.
Le couturier français Pierre Cardin est mort #AFP pic.twitter.com/0fUqPSRdf6
— Agence France-Presse (@afpfr) December 29, 2020
Пер Карден 2 июли соли 1922 дар коммунаи итолиёвии Сан-Биаҷо- ди- Каллалта таваллуд шудааст. Падари Пер дар аввал як марди низомӣ буд, пас аз ба нафақа баромадан ӯ ба истеҳсоли шароб машғул шуд. Соли 1924, оилаи тарроҳи ояндаи мӯд ба Фаронса кӯчид.
Пер Карден роҳи худро ба шӯҳрат ҳамчун ёрдамчии дӯзанда оғоз кард. Баъд ӯ рассоми театр шуд.
Соли 1946 вай барои қаҳрамонони филми Жан Кокто "Деву дилбар" либосҳо эҷод кард.
Аз соли 1947 фаъолияташро дар дӯкони дузандагии Кристиан Диор шурӯъ кард ва соли 1950 хонаи мӯди худро таъсис дод.
Дар соли 1960, ӯ муносибати суннатии мӯдро ҳамчун санъат барои занон вайрон кард ва аввалин коллексияи либоси мардона эҷод кард. Вай яке аз аввалинҳо шуда, барои джинс, либос барои ҷавонон ва кӯдакон машғул буд.
Марадона дунёро падруд гуфт: ӯ чигуна дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд - акс
Карден аввалин кутюрере буд, ки либосҳо ва атри худро бо нархи арзон фурӯхт ва онҳоро барои доираи васеи истеъмолкунандагон дастрас кард.
Тарроҳ бештар аз 500 ихтирооти худро, ба монанди ҷӯробҳои ранга ва мӯзаҳои баланд, сарафанҳои хурд, галстукҳои гул, пиҷакҳои дарозу бидуни гиребон, шимҳои лоғар бо тугмаҳо, ки аслан барои The Beatles эҷод шуда буданд, эҷод кардааст.
Соли 1970 Карден тарҳҳои НАСА-ро таҳия кард. Ҳангоми боздид аз он ҷо ӯ ягона шахсе шуд, ки скафандри Нил Армстронгро, ки дар он бори аввал дар таърихи башарият болои Моҳ қадам ниҳод, озмуд.
Муаллифи бренди атрафшон бо номи Пьер Карден, ки брендҳояш дар СССР дар солҳои 70-ум маъмул буданд.
Пер Карден ва Русия
Пер Карден бо Русия муносибати зич дошт.Муддати дароз музаи ӯ балерина Майя Плисетская буд. Карден барои ӯ либосҳои балетӣ эҷод мекард.
Атри Кардин низ дар ИҶШС хеле маъмул буд.
Ғайр аз он, тарроҳи машҳур зуд-зуд ба Маскав меомад ва бо кутюрерҳои гуногуни рус шиносоӣ мекард.
Пер Карден, бо вуҷуди шӯҳрату маҳбубияташ аз худ фарзандеро ба мерос нагузошт.