ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар дастгоҳи ҳукумати вилояти Хатлон се тағйироти кадрӣ сурат гирифт, хабар медиҳад сомонаи "Pressa.tj".
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 29 декабр бо қарорҳои раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, Дадобоев Алишер Тоҳирҷонович, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо таъйин гардид.
Тағйироти кадрӣ: 40 - сола, номзади илм, роҳбари Донишкадаи иқтисод ва савдои Хуҷанд шуд
Номбурда то ин вақт муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон буд.
Ҳамчунин бо қарори Ҳакимзода, Сафарзода Сайфиддин Хайрулло муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят таъйин шуд. Ӯ то ин замон директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон буд.
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати молия: Достӣ ва Худододова аз мақом барканор шуданд
Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин Маҳмадсаид Зуҳурзода, ки қаблан дар мақоми сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо фаъолият мекард, мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳ таъйин намуд.