https://sputnik.tj/20201229/Panj-kasbe-ki-dar-oyandai-nazdik-kullan-az-bayn-meravand-kadomho-1032547439.html
Панҷ касбе, ки дар ояндаи наздик куллан аз байн мераванд: кадомҳо?
Панҷ касбе, ки дар ояндаи наздик куллан аз байн мераванд: кадомҳо?
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад дар ояндаи наздик, дасти кам 5 касбе, ки ҳоло серталаб ҳастанд, куллан аз байн раванд 29.12.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-12-29T13:46+0500
2020-12-29T13:46+0500
2020-12-29T13:59+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, касб
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, касб
Панҷ касбе, ки дар ояндаи наздик куллан аз байн мераванд: кадомҳо?
13:46 29.12.2020 (Навсозишуда: 13:59 29.12.2020) Интизор меравад дар ояндаи наздик, дасти кам 5 касбе, ки ҳоло серталаб ҳастанд, куллан аз байн раванд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар даҳ соли оянда талабот ба касбҳое чун муҳосиб, менеҷери кадрҳо, ронандаҳои таксиву мошинҳои боркаш ва ҳамчунин тарҷумонҳои забонҳои хориҷӣ аз байн меравад. Дар ин бора Алексей Захаров сардори хадамоти ҷустуҷӯйи кор SuperJob дар суҳбат ба RT хабар дод.
Вай гуфт, ниёз ба одамоне, ки ба ҳисобдорӣ ва маъмурияти кадрҳо машғуланд, коҳиш меёбад, зеро мақомоти фискалӣ аллакай технологияҳои рақамиро фаъолона ҷорӣ мекунанд.
Зимнан, пандемия низ гузаришро ба муомилоти электронии ҳуҷҷатҳоро суръат бахшид.
Захаров мегӯяд, дар ояндаи наздик дар бузургтарин шаҳрҳои Русия таксиҳои бидуни ронанда ба роҳҳо мебароянд ва талабот ба ронандаҳо коҳиш меёбад.
Даромади хуб доранду андоз намесупоранд: пули ҷарима беш аз 2 баробар зиёд шуд
Сардори хадамоти ҷустуҷӯйи кор пешбинӣ намудааст, ки талабот ба ронандаҳои мошинҳои боркаш ҳам аз байн меравад. Ҳамчунин кори тарҷумонҳои забонҳои хориҷӣ низ қатъ мешавад, зеро тарҷумони электронӣ аллакай нисбат ба инсон самараноктар аст.