Мучал — солшумории дувоздаҳгона, ки аз замонҳои бостон корбурд мешавад. Мутобиқи фарҳанги мардумӣ дар ин намуди солшуморӣ банавбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ шудааст.
Ба боварии муаррихон тақвими "мучал" бори аввал дар байни уйғурони Хитой ҳамчун солшумории мардумӣ аз рӯйи ҷойгиршавии бурҷҳои осмонӣ ба вуҷуд омада, дар давраи таҳти тасарруфи муғулҳо будани Осиёи Миёнаву Эрон байни тоҷикон ва дигар халқу миллатҳо ҷорӣ шудааст.
Бақар (ар.-гов),соли дуюм баъди Муш ва пеш аз Паланг дар бисёр мамлакатхо - Ҷопон, Чин, Эрон, Афғонистон, давлатҳои араб, Осиёи Миёна пахн шудаанд.
Рамзи соли 2021 ва ё мучали сол - бақар (гов, барзгов) аст. Агар гов барои бархе сокинони сайёра танҳо дар хоҷагӣ истифода шавад, барои бархеи дигар, қаҳрамони фестивалу мусобиқаҳо, ҳатто ҳайвони муқаддас ба ҳисоб меравад.
Гузориши аксии Sputnik Тоҷикистонро дар ин бора аз 12 акси ҷолиб тамошо кунед.