ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дар бораи эҳтимоли сар задани ҷанг дар Қарабоғи куҳӣ медонист, изҳор дошт собиқ сафири ин кишвар дар Ватикан, домоди раисиҷумҳури сеюми Арманистон, Микаел Минасян дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи собиқ сафир, аз ҷанги эҳтимолӣ Пашинянро дабири кулли СААД Станислав Зас бо як мактуб 26 рӯз қабл аз оғози даргириҳо огоҳ карда буд. Мактуб инчунин ба унвонии дабири Шӯрои амнияти Арманистон, Армен Григорян низ фиристода шудааст.
Ӯ афзуд, ки Зас дар мактубаш ба тафсил тарҳи размоиши муштарак дар доираи СААД-ро баён доштааст, ки пайдарҳамии амалиёт баъд ба оне ки баъдан дар Қарабоғи куҳӣ рух дод, хеле монанд аст. Дабири кулли СААД пешниҳод кардааст, ки Арманистон ба ин созмон муроҷиат кунад, чун ба танҳоӣ тавони истодагарӣ нахоҳад дошт.
"Зас қайд карда буд, ки Арманистон аз соли 2018 ҷанги иттилоотию дипломатиро бой дода истодааст ва кишварро мағлубияти шармандвор интизор аст", - таъкид кард Минасян.
Ӯ афзуд, ки ин мактуб як навъ огоҳсозии дипломатӣ буд, ки тақрибан 99 дарсад амалӣ шуд.