ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, ки Владимир Путин рӯзҳои иди Соли навро чӣ гуна таҷлил хоҳад кард.
Ба иттилои сухангӯи Кремл, дар ҳоле ки тамоми кишвар истироҳат хоҳад дошт, раисиҷумҳури Русия корро идома хоҳад дод.
Песков тавзеҳ дод, ки дар барномаи кории раисиҷумҳур чорабиниҳои бузург дар назар нестанд, аммо эҳтимол дорад, ҷаласаҳои корӣ баргузор шаванд.
“Рӯзҳои корӣ, бидуни чорабиниҳои бузург, аммо мулоқотҳои корӣ доимиянд. Онҳо хотима намеёбанд, ҷаласаҳо ва ғайра. Раисиҷумҳур корро ба далели идҳо ҳеч гоҳ мутаваққиф намегузорад”, - изҳор дошт Песков дар суҳбат бо РИА Новости.
Сухангӯи раисиҷумҳур қаблан изҳор дошта буд, ки Путин одатан Соли Навро дар ҳалқаи наздиконаш пешвоз мегирад. Он як анъана шудааст. Аммо мушахассан дар куҷо идро пешвоз хоҳад гирифт, Песков дақиқ нагуфт.
“Дар куҷо Соли навро пешвоз мегирад, дақиқ намедонам ва бо боварии комил посух гуфтан наметавонам. Метавонам гӯям, дар ҳалқаи наздиконаш ҳар сол пешвоз мегирад”, - изҳор дошт ӯ .
Дар зимн сухангӯи раисиҷумҳур таъкид намуд, ки Путин ба маънои томаш ҳеч гоҳ истироҳат намекунад.