Озмун: генерал Назарзода милисаҳои китобхонро қадрдонӣ кард

© РВКД ДушанбеҶамъбасти озмуни "Китобхони беҳтарин" дар РВКД Душанбе
Ҷамъбасти озмуни Китобхони беҳтарин дар РВКД Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе озмуни китобхонӣ баргузор гардид, ки раёсат ғолибонро қадрдонӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Миёни кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ баҳри боз ҳам баланд бардоштани завқи китобхонӣ озмуни "Китобхони беҳтарин" гузаронида шуд, гузориш медиҳад Раёсати ВКД дар Душанбе.

© Раёсати ВКД дар ДушанбеДар РВКД дар Душанбе озмуни "Беҳтарин китобхон" ҷамъбаст шуд
Озмун: генерал Назарзода милисаҳои китобхонро қадрдонӣ кард - Sputnik Тоҷикистон
Дар РВКД дар Душанбе озмуни "Беҳтарин китобхон" ҷамъбаст шуд

Гуфта мешавад, озмуни дар ду давр, даври якум дар байни кормандони Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва даври дуввуму ҷамъбастӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Онро муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ, Директори институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарифзода Боймурод, корманди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Ятимзода Акбар доварӣ карданд.

Барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғ” аз зебоии олами адабиёту муҳити хароби фарҳангӣ дар шаҳр гуфт

Дар умум, дар "Китобхони беҳтарин" 30 довталаб ширкат доштанд.

Аз рӯи натиҷаҳои баргузории озмуни "Китобхони беҳтарин" ҷойи аввалро Қаландарзода Омина, нозири гурӯҳи таҳлилии Шуъбаи нозиротӣ-ташкилии РВКД дар шаҳри Душанбе, ҷойи дуввумро лейтенанти милитсия Рустамов Маҳмаднабӣ, корманди ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюмро Ҳошимова Бибимарям корманди котиботи Раёсат ишғол намуданд.

Ғолибон дар ҷаласаи тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти милитсияи пойтахт бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0