Борону барф меборад: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевСнегопад в Душанбе, архивное фото
Снегопад в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбанда ва бориши борону барф меборад

ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  абрнок  шуда,  дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят барф меборад.

Снег в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоиди чанд рӯзи оянда: шамъу чароғу дору харед

Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 5-10 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  22-27  ва рӯзона то 10-15  дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  бошад, абрнок  шуда, борон ва барф меборад.

Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддати борону барф дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Хатлон  абрнок шуда, борон ва барф меборад.

Бориш дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.  Нимаи дуюми рӯз ҳарорати ҳаво паст шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ва рӯзона ҳарорати ҳаво 1+6 гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф дар назар аст.

Дар охири рӯз бориши  пуршиддат ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2  дараҷа гарм мешавад.

Ҳушдор аз сардиҳо: чанд тавсияи КҲФ ба сокинон

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф пешбинӣ шудааст.

Ҳарорати ҳаво шабона ва рӯзона   4+6 дараҷа гарм мешавад. Нимаи дуюми рӯз ҳарорати ҳаво паст шуда, аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0