https://sputnik.tj/20201225/Vazorati-kishovarzii-Rusiya-peshniod-kard-ki-muoiron-ba-saro-beshtar-alb-karda-shavand-1032521629.html
Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод кард, ки муҳоҷирон "ба саҳро" бештар ҷалб карда шаванд
Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод кард, ки муҳоҷирон "ба саҳро" бештар ҷалб карда шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия ҳукуматро барои арзёбии эҳтиёҷоти муҳоҷирони кории мавсимӣ ба кишоварзии Русия даъват мекунад 25.12.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-12-25T11:48+0500
2020-12-25T11:48+0500
2021-04-12T19:23+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032521236_0:157:3087:1893_1920x0_80_0_0_c52bd461c4009773edb27fb4db1544db.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032521236_178:0:2909:2048_1920x0_80_0_0_f67fd27686d85f0a931ff3a372e5afbe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, бозор, маҳсулот, дар русия
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, бозор, маҳсулот, дар русия
Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод кард, ки муҳоҷирон "ба саҳро" бештар ҷалб карда шаванд
11:48 25.12.2020 (Навсозишуда: 19:23 12.04.2021) Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия ҳукуматро барои арзёбии эҳтиёҷоти муҳоҷирони кории мавсимӣ ба кишоварзии Русия даъват мекунад
ДУШАНБЕ, 25 Декабр - Sputnik. Вазорати кишоварзии Русия бо ташаббуси ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба корҳои мавсимӣ дар маҷмааи агросаноатии кишвар баромад кард, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорат.
Ба гуфтаи коршиносон, дар ин кишвар норасоии мутахассисон мушоҳида мешавад ва дар робита ба ин ниҳод дар ояндаи наздик ба ҳукумати Русия пешниҳоди мувофиқ ирсол мекунад.
Ин ташаббус дар ҷаласаи навбатии ситоди фаврӣ оид ба назорати вазъ дар маҷмӯъаи саноатӣ ва бозори озуқаворӣ дар Русия эълон карда шуд.
Якчанд намояндагони минтақаҳо ва ҷомеаи саноатӣ аз вилоятҳои Астрахан ва Волгоград изҳор доштанд, ки барои рушди минбаъдаи динамикии соҳа ва баландтарин сифати корҳои мавсимӣ дар соли 2021 бояд коргарони хориҷӣ ҷалб карда шаванд.
Имрӯз, талаботи умумии иловагии қувваи кории саноати кишоварзии Русия аз ҳисоби муҳоҷирати хориҷӣ беш аз 39 ҳазор нафарро дар тамоми давраи кори мавсимӣ ташкил медиҳад.
Натиҷаи хуби соли вазнин: муҳоҷиронро дар соли 2021 чи навгоние интизор аст
Қайд карда мешавад, ки имсол дар шароити баста шудани марзҳо ба сабаби пандемия, ширкати кишоварзиро зарур омад мутахассисони дигар соҳаҳои иқтисод ва донишҷӯёни донишгоҳҳои кишоварзиро ҷалб созанд.
Бигзор пул кор кунанд: Путин бо Раҳмон вазъи муҳоҷиронро баррасӣ мекунад
Ба гуфтаи ширкаткунандагони бозор, дар ҳоли ҳозир камбуди муҳоҷирони корӣ вобаста ба хуруҷ аз кишвар пас аз анҷоми маъракаи ҳосилғундорӣ вуҷуд дорад.