Дар ошёнаҳои поён дар Душанбе кӯдакистонҳо ташкил мекунанд

Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе азм дорад, барои зиёд кардани теъдоди кӯдакистонҳо таҷрибаи ҷой додани боғчаҳои кӯдаконро дар ошёнаҳои поёнии биноҳои баландошёна роҳандозӣ кунад

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Зимни ҷаласаи вакилони шаҳри Душанбе, ки имрӯз баргузор гардид, дастур дода шудааст, ки таҷрибаи дар ошёнаҳои поёнӣ ҷойгир кардани боғчаҳои кӯдакон минбаъд васеъ роҳандозӣ карда шавад.

Строительство стадиона Зенит-Арена - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ аз сохтмонҳо норозист: Ӯ хостори ҷалби таҷрибадору бовиҷдонҳо шуд

Рустами Эмомалӣ дар ҷаласа дастур додааст, ки мақомот барои бунёди муассисаҳои томактабӣ бештар соҳибкоронро ҷалб кунанд.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, тайи 4 соли гузашта дар Душанбе бунёди 23 муассисаҳои томактабӣ барои беш аз 3 ҳазор ҷоий нишаст оғоз гардида, то имрӯз 9 адади он бо 1990 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.

Манбаъ афзуд, ки инчунин дар чор соли охир 22 муассисаи таълимӣ барои 31 ҳазор ҷойи нишаст дар 2 баст мавриди истифода қарор гирифт. Дар соли 2021, яъне ҷашни 30- солагӣ шумораи муассисаҳои таълимии навбунёд ба 32 адад ва шумораи ҷойҳои нишаст ба 57 ҳазор дар ду баст расонида мешавад, иттилоъ дод шаҳрдорӣ.

Лентаи хабарҳо
0