ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11-16 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 22-27, дар баъзе ноҳияҳо то 30-35 ва рӯзона то 10-15 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилави дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Ҳушдор аз сардиҳо: чанд тавсияи КҲФ ба сокинон
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.