Эълони ҳукми қотилони Замирамо ва Меҳрафрӯз дар Варзоб-видео

© Суд города ДушанбеСуд над убийцами двух девушек в Варзобском районе
Суд над убийцами двух девушек в Варзобском районе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ду гумонбар дар қатли ду духтари ҷавон дар ноҳияи Варзобро содир кардааст

ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Тибқи иттилои дафтариматбуотии додгоҳи пойтахт, додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 22 ҳукмро алайҳи ду сокини 28-солаи пойтахт - Дониёр Сафаров ва Саъдулло Раупов, ки дар куштори ду духтар, ки бо бераҳмии махсус содир шудаанд, айбдор мешаванд, эълон кард.

Суд над убийцами двух девушек в Варзобском районе  - Sputnik Тоҷикистон
Оғози баррасии парвандаи қатли бераҳмонаи Замирамо ва Меҳрафрӯз дар Варзоб-видео

“Ҳамин тариқ, бо ҳукми суд Сафаров Дониёр Каримович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в, з” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 22 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в, з, п” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш махсус маҳкум карда шуданд”,-афзудааст мнбаъ.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади ду ҷавонзани бедаракшуда аз Душанбе, Ҳайдарова Замирамо ва Меҳрафрӯзи Холмирзо хабар дод, ки дар пайи озори ҷинсӣ ба қатл расонда шудаанд

Тибқи иттилои ВУД, Ҳайдарова Замирамо, соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Алишер Навоии шаҳри Душанбе ҳанӯз моҳи январи соли 2018 ва Меҳрафрӯзи Холмирзо, сокини 18-солаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи апрели соли равон бедарак шуда буданд. Ҷасади ҳардуяшон ахиран дар як ғоре дар теппаҳои болои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб пайдо карда шуд.

ВУД бо иттиҳоми қатли Замирамо ва Меҳрафрӯз сокинони шаҳри Душанбе - Дониёр Сафаров ва Раупов Саъдуллоро боздошт карда буд.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки Дониёр бо Замирамо робита дошта, пайваста ӯро дар заминаи рашку нофаҳмӣ латукӯб мекардааст. Ба иттилои ВУД, Сафаров ва Раупов соли 2018 Замираморо баъди латукӯб, дар бағоҷ бор карда, шабона дар ғори болои Харангон шиканҷаю озори ҷинсӣ дода, ба қатл расондаанд.

Ин ниҳод афзуд, ки ҷинояти дигарро Раупов Саъдулло, ки ба мусофирбарӣ машғул будааст, содир кардааст. Ӯ Меҳрафрӯзи Холмирзоро ҳамчун мусофир савори мошинаш карда, баъди рад кардани алоқаи ҷинсӣ латукӯб ва ба қатл расондааст. Ҷасади дуюмро низ ба ғоре бурдаст, ки қаблан ҷасади Замираморо дар он пинҳон карда будаанд.

Лентаи хабарҳо
0