ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Як ҷавони тоҷикистониро дар Доғистон ба иттиҳоми ирсоли ғайриқонунии телефон ба зиндониён дастгир карданд, хабар медиҳад РИА "Доғистон" дар истинод ба Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Федератсияи Русия.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон барои расонидани телефон ба нафари зиндонӣ хостааст аз технологияи замонавӣ истифода барад: барои ин ӯ квадрокоптерро зери ҳадафи худ қарор додааст.
"Дар зиндони ислоҳотии рақами 2 дастгоҳи бидуни сарнишини парвозкунанда - квадрокоптеро дастгир карданд, ки дар ҳудуди муассиса парвоз мекард", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ин схемаи ҷавон, ки бояд ба кор мерафт, сустиҳои худро ошкор кард: дронро кормандони колония дастгир карданд.
ВКД-и Русия гуфт, муҳоҷирони кадом кишварҳои Осиёи миёна бештар садама мекунанд
Нисбати ҷавони тоҷик парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шудааст.