Мақомоти Хуҷанд гуфтанд, ки чигуна тавонистанд талафоти барқро дар шаҳр кам кунанд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСнятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини сармуҳандиси шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таъкид доштааст, ки фаъолияти шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд рӯ ба рушд ниҳода, бо амалишавии лоиҳаҳои грантӣ дар самти хизматрасонӣ ва сарфакории неруи барқ корбарӣ боз ҳам беҳтар шудааст

ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Ба гуфтаи Ҷумъабой Воҳидов шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд дар тавозуни худ 61 759 нафар муштарӣ доранд, ки аз он 57 973 нафар муштариёни маишӣ, 347 адад корхонаҳои саноатӣ ва ба он баробар кардашуда, 265 адад  ташкилоти буҷавӣ, 3132 адад коргоҳҳои тиҷоратӣ ва 42 адад иншооти обтаъминкунӣ буда, ҳамаи онҳо бо истифода аз неруи барқ фаъолияти пурсамар доранд.

Электрик устанавливает современные электросчетчики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мубориза бо исрофкории барқ: таъсиси 16 гурӯҳи корӣ дар Турсунзода

Муовини сармуҳандиси шабакаҳои барқии шаҳри  Хуҷанд таъкид дошт, ки барои кам намудани талафоти неруи

барқ бори аввал дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика роҳандозӣ ва татбиқ гардид.

“Амалишавии лоиҳаи мазкур имкон дод, ки тамоми таҷҳизоти барқрасони шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷдиду навсозӣ гардад. Ҳамзамон 2 адад зеристгоҳи нави барқӣ бунёд ва талафоти неруи барқ пасту шиддатнокии он беҳтар гардад”, - зикр кард Ҷумъабой Воҳидов.

Вай афзуд, ки маҳз дар натиҷаи амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд сатҳи талафоти барқ аз 18,4 дарсад то 9-9,6 дарсад паст гардида, сатҳи ҷамъоварии маблағ 100 дарсад иҷро ва ҷамъоварии маблағ тавассути “Низоми ягонаи қабули пардохтҳо”-и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба омодагии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ба фасли зимистони имсола мавсуф баён дошт, ки дар ин самт дар идораи шабақаҳои барқии шаҳр баҳри корбарии муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021  дар маҷмӯъ 31 банди нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда, то имрӯз пурра иҷро гардидааст.

Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Санҷиши хонаю корхона барои ошкори "барқдуздон": вазир гуфт, кормандони барқ даст доранд

Аз ҷумла, дар ин самт корҳои ивазу таъмири кисмҳои эҳтиётӣ дар зеристгоҳҳо, чун тақсимкунакҳои иқтидораш 5600 кВтАм,  инчунин таъмири пурраи трансформаторҳои зеристгоҳҳо, омоданамоии 4 адад трансформаторҳои қуввагии иқтидораш 630 кВт ва баҳри камбор намудани 7 истгоҳи трансформаторӣ тавоноии онҳо зиёд карда шуда, байни якчанд истгоҳҳои трансформатори  ноқили баландшиддати 10 кВт иваз карда шуда, бомпӯшҳои (шиферҳои) 10 истгоҳи трансформаторӣ пурра таъмир гардидаанд.

Муовини сармуҳандиси шабакаҳои барқии шаҳри  Хуҷанд илова кард, ки барои кам кардани талафоти барқ миёни сокинон гурӯҳҳои кории тарғиботӣ, иборат аз намояндагони раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр ва кормандони масъули шабакаҳои барқӣ ташкил гардида, аз ҷумла то имрӯз танҳо аз ҷониби кормандони идораи шабакаҳои барқии Хуҷанд бештар аз 20 вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаҳо доир карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0