ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Шавкат Бобозода, директори Агентӣ дар як ҷаласа бо ширкати ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон гуфт, охирин бор дар соли 2016 ҳаҷми содирот ба 1 миллиарду 196 миллион доллар баробар шуда буд, ки баландтарин нишондод дар таърихи кишвар ба шумор меомад.
“Дар 11 моҳи соли равон содироти Тоҷикистон беш аз 1 миллиарду 322 миллиону 500 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Умедворем, ки ин рақам то охири сол ба 1,5 миллиард доллар баробар хоҳад шуд. Ин воқеан як дастоварди бахши иқтисодии Тоҷикистон аст, ки новобаста аз мушкилоту монеаҳои пандемия дар ҷаҳон ба чунин нишондиҳандаҳо даст ёфт”, - гуфт директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон.
Тибқи иттилои Портали савдои Тоҷикистон, аз ин рақам ҳудуди 1 миллиард доллар ба кишварҳои хориҷи дур, қабл аз ҳама Шветсария (688,7) ва Туркия (147,7) ва беш аз 300 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик, назири Қазоқистон (107,6) ва Ӯзбекистон (60 миллион доллар) рост меояд.
Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, 99% моли содиршуда саноатӣ мебошад ва тайи 11 моҳи соли равон аз кишвар беш ҳама тилло, нуқра, металҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо (58%), сементу намак (3,8%), мева ва сабзавот (1,3%), маъданҳо (9,5%), алюминийи аввалия (9,1%), барқ (4,1%), нахи пахта (8%) ва дигар маҳсулот (6,2%) содир шудааст.
Бино ба ин манбаъ, ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли равон 4 129,4 (содирот – 1 322,5 ва воридот – 2 806,9) миллион долларро ташкил додааст, ки дар ин рақам содирот 32% саҳм дорад (25% - соли 2019). Русия ҳамоно шарики асосии тиҷории Тоҷикистон боқӣ монда, саҳмаш 21,1% - ро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои расмӣ, тайи 11 моҳи гузашта гардиши мол миёни ду кишвар ба 721,3 (содирот - 25,5, воридот - 695,8) миллион доллар расидааст.