ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Нурмуҳммад Қаҳҳоров, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён ба рӯзномаи “Фараж” таъкид доштааст, ки дар ин давра 3 километру 277 метр роҳ таъмири асосӣ, 142 километр таъмири ҷорӣ, даҳо километр роҳ сангфарш гардида, пулу қубурҳо таъмир шуданд.
Ҳамзамон вай илова кардааст, ки омодагии муассиса ба фасли зимистон хуб буда, маводи зидди лағжиш, сару либос барои коргарон, хӯрокворӣ захира карда шуда, инчунин техникаҳои роҳдорӣ барои тоза кардани роҳҳо аз барф омода мебошанд.
Ҳамзамон вай гуфт, дар умум дар мувозинаи ин идора 230,1 километр роҳ вобаста карда шудаст. Масъулони мақомоти ноҳия ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён талош доранд, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ҳолати хуби роҳҳои мошингардро пурра барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт таъмин созанд.