Тоҷикистон соли 2020 ба 10-гонаи беҳтарин самтҳои ҳавоӣ аз Русия шомил шуд

© PixabayСамолет на закате, архивное фото
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон яке самтҳои машҳури хатсайри ҳавоӣ аз Русия дар соли 2020 шинохта шуд. Маъруфтарин самту парвозҳо ба Узбакистон, Арманистон ва Қирғизистон буданаанд

ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Маъмултарин самтҳои ҳавоии хориҷӣ аз Русия дар соли 2020 Узбакистон, Арманистон ва Қирғизистон буданд, менависад ТАСС бо истинод ба хидмати сафар ва сайёҳии Tutu.ru.

Самолет, на фоне заката - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзе 5-6 парвоз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Ҳамзамон, чиптаи миёнаи парвозҳо ба ин кишварҳо дар як сол ба 13,7 ҳазор рубл (+ 10%), 7 ҳазор рубл (+ 6%) ва 12,4 ҳазор рубл (+ 19%) афзоиш ёфтааст.

"Талабот ба парвозҳо, ҳатто ба самтҳои маъмултарин, имсол ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар байни даҳгонаи аввал, талаботи парвозҳо ба Туркия камтар аз ҳама коҳиш ёфтааст", - омадааст дар иттилоия.

Туркия, Молдова, Озарбойҷон, Қазоқистон, Беларуссия, Тоҷикистон ва Олмон низ ба хатсайрҳои маъмул табдил ёфтанд.

Русия ҳанӯз парвозҳо бо Тоҷикистонро аз сар нагирифтааст. Парвозҳои мунтазам барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз 27 марти соли ҷорӣ манъ карда шуданд.

Рустами Эмомалӣ аз интиқоли донишҷӯёну парвозҳо: шарҳи пурраи гуфтушунид - видео

Бо вуҷуди ин, байни кишварҳо парвозҳои махсус оғоз карда шуданд. Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов, моҳҳои сентябр ва октябр ҳамарӯза байни ин кишварҳо 140 парвоз анҷом мешуд.

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад

Моҳи ҷорӣ бошад аз фурудгоҳҳои байналмилалии Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Красноярск, Краснодар, Қазон, Сургут ва Иркутск ба Душанбе 146 парвози интиқолӣ анҷом дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0