ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Дар Тюмен, дар натиҷаи садама, се нафар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Тюмен.
Ба иттилои манбаъ, таксӣ ба сӯи истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони Московский ҳаракат кардаст, ки дар натиҷа се нафар ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла ду нафар ҷабрдида ба муассисаи тиббӣ фиристода шуданд.
Ронандаи таксӣ, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон будааст.
"Як духтари чордаҳсола ва як марди 36-сола барои кӯмак ба бемористон интиқол дода шуданд. Шояд ҷароҳати пои онҳо ҷиддӣ набошад. Марди дигар, соли таваллудаш 1969 дар ҷои ҳодиса кумаки тиббӣ гирифтааст", - гуфтанд намояндагони пулиси роҳ.
Намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ аллакай сабабҳои пешакии ин садамаро эълон карданд.
Маъмурини роҳ мегӯянд, ронанда қоидаҳои тағйири хатти ҳаракатро вайрон кардааст. Зани мусофире, ки он замон дар дохили мошин будаст, изҳор доштааст, ки ронандаи мусофирбар қоидаҳои ҳаракатро вайрон кард.
Инчунин маълум шудааст, ки ин ронанда қаблан низ барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Омори қаблан нашршуда дар бораи садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мусофирбарҳо нишон медиҳад, ки қисми зиёди ин садамаҳо бо иштироки муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ сурат мегиранд.