Мактаббачаи ҳафтсолае аз Қирғизистон ба Путин нома навишту туҳфа гирифт – видео

Обуна шудан
Мактаббачаи қирғиз Рустам Ташматов ба Sputnik дар бораи номаи навиштааш ба Владимир Путин нақл кард ва гуфт, ки чаро ӯ хоҳиш кард, ки ба ӯ туҳфаи солинавӣ диҳад

ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Рӯзи сешанбе маълум шуд, ки як хонандаи қирғиз Рустам Ташматов ба Владимир Путин нома навиштааст.

 Хабиб Нурмагомедов, боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе - Sputnik Тоҷикистон
"Кепка бо акси Масъуд": туҳфаи тоҷикон ва ваъдаи Ҳабиб барои як мусобиқа дар Душанбе-видео

Кӯдаки ҳафтсола дар як нома аз президенти Русия Владимир Путин хоҳиш кардааст, ки орзуи солинавии худ - саҳмдори "Газпром" ё "Роснефт"-ро амалӣ кунад.

Дӯсти падари писар, ки ба хариду фурӯши саҳмия сари кор доштааст,  ба кӯдак гуфтааст, ки "саҳмдор будан зӯр аст".

Рустам қаблан низ нияти ба президент мактуб навиштан дошт, вай аллакай ба президенти собиқи Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков нома навишта буд.

Ва азбаски ҳоло дар ҷумҳурӣ президент нест, писарбача қарор кард, ки ба раҳари Русия нома нависад.

"Ман ӯро бо Соли нав табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ ва дар кораш муваффақият орзу кардам",- гуфт Рустам.

Мактаббача аз Путин саҳмияҳои корхонаҳо, ширкати шириниҳои пряники Тула ва як финҷони ҳароратнигаҳдор пурсидааст.

Нома аз сокини хурди Бишкек ба Кремл расид ва туҳфае аллакай аз дастгоҳи президенти Русия фиристода шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0