ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Шумораи моҳи декабрии Vogue Arabia бо эҷодкориҳои тарроҳ Нура Сулаймон дар муқоваи аввалаш нашр шуд. Чеҳраи намоиши мӯд дар саҳифаҳои яке аз маъруфтарин маҷаллаҳо, модели тоҷик Карина Комил шуд.
Нусхаи коғазиро танҳо дар Дубай пайдо кардан мумкин аст, аммо нусхаи электронии мақола дар вебсайти Vogue дастрас аст.
"Хеле хушбахтам, ки аввалин зани тоҷик мебошам, ки шомили Vogue гардидам. Аксҳои ман дар маҷалла, вебсайт ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд. Мо ҳеҷ гоҳ дар чунин миқёс баромад накарда будем. Касе бовар намекунад, аммо як моҳ пеш орзу карда будам, ки ба Vogue - ба қуллаи кори моделӣ шомил шавам ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ман бениҳоят хушбахтам! Ман аз хушбахтӣ ҷаҳида, гиря кардам ва бовар накардам, ки ин чӣ қадар ҳаяҷонбахш аст", - изҳор дошт модели тоҷик дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Модел худаш ҳам ҳайрон аст, ки чӣ гуна шуд, ки регистонҳои бепоёни Арабистонро як зодаи Тоҷикистони кӯҳӣ муаррифӣ мекунад.
Шумораи декабри ин маҷаллаи мусаввара ба Арабистони Саудӣ, пеш аз ҳама ба ҷойу масирҳои нави сайёҳӣ - Ал-Ула ва Неом бахшида шудаанд, ки фаъолона инкишоф меёбанд. Наворбардории тарроҳони машҳур маҳз дар ин ҷойҳои намоён сурат гирифтаанд. Ба Карина, ки ҳоло дар Риёз зиндагӣ мекунад, тавре мегӯянд, бахташ хандид.
"То нашри мақолаи "Назокат аз ҳама чиз болост" тарроҳи саудӣ Нура Сулаймон аввалин маҷмӯаи эҷодкориҳояшро намоиш дода, ба саҳифаҳои Vogue роҳ ёфт. Маҷалла маҷмӯаи ӯро хеле шево ва маро - хеле зебо дарёфт" - мегӯяд духтар.
Тарроҳи саудӣ, сарфи назар аз таҷрибаи ками худ, худро устоди воқеӣ нишон дод: вай ба интихоби моделҳо, интихоби тасвир, мувофиқ кардани сарулибос ва ҳатто ҷузъиёти хурд - то сояранги маникюр хеле бодиққат буд, - нақл кард Карина Комил.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
"Вай пас аз омӯзиши акс дар Instagram маро интихоб кард, зеро дар Арабистони Саудӣ агентии моделӣ вуҷуд надорад", - илова кард Карина Комил.
Бо вуҷуди иқлими гарми нимҷазира, коллексияи пешниҳодшуда зимистонӣ аст.
"Аксбардорӣ дар хонаи дизайнер сурат гирифтааст, ки чанд рӯзро дар бар гирифт. Ин як раванди печида аст, аммо муҳит сабук ва гуворо буд. Ҷузъиёти ҷолиб ин аст, ки ман тақрибан пардоз, ороиши рӯй надоштам", - гуфт модели тоҷик.
Карина Комил гуфт, баъди нашри аксҳо дар маҷалла муносибати муштариён низ ба самти мусбат тағйир ёфтааст. Пешниҳодҳо аз тамғаҳои маъруф ворид шуда истоданд, онҳо мехоҳанд, ки либосҳояшонро "модел аз Vogue" намоиш диҳад.
"Ман мехоҳам бигӯям, ҳама чиз имконпазир аст, агар воқеан хоҳиш бошад. Бале, хоҳиш доштам ва ба сатҳи нав расидам ва омодаам ба сӯи орзуҳои дигар ҳаракат кунам. ", - изҳор дошт модел.