ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Марзи Тоҷикистону Афғонистонро заминҷунбии 4,3 балла такон дод, гузориш медиҳад Хадамоти воҳиди геофизикии Академияи илмҳои Русия.
Ҷунбиши заминро субҳи имрӯз соатҳои 08:53 бо вақти Душанбе дар жарфои 190 километрӣ ба қайд гирифтаанд.
Дар бораи хисороти моливу ҷонӣ иттилое нест.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ин заминларзаро то ҳол тавзеҳ надодааст.
Ёдрас мешавем, ки ин дувумин заминларза тӯли як ҳафта дар Тоҷикистон мебошад. Пештар заминларза дар шимолу шарқи Тоҷикистон ва марзи Тоҷикистону Чин ба қайд гирифта шуда буд.