ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 17-уми декабри соли равон марди 32-сола дар як муноқишаи оилавӣ ҳамсари собиқи худро корд задааст.
Тибқи иттилои манбаъ, кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.
Гуфта шудааст, ки номбурда, ҳангоми дар хонаи собиқ ҳамсараш, зани 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри мазкур қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шиками ӯ задааст.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
ВУД Тоҷикистон зикр кардааст, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.