ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Барои ба даст овардани мавқеъи беҳтарин варзишкори сол бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов боз панҷ варзишкори машҳури дунё иштирок доштанд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Комерсант”.
Бино бар иттилои манбаъ миёни онҳо хеззананда Армн Дюплантис, ки дар як ҳафта ду маротиба рекорди ҷаҳониро задааст, баскетболисти амрикоӣ Леброн Джеймс ва голфбози амрикоӣ Дастин Ҷонсон будааст.
Ёдовар мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар пайи пирӯзӣ бар Ҷастин Гетҷи, бо 29 ғалаба ва бидуни шикаст изҳор дошт, ки фаъолияти касбияшро хотима медиҳад.
Варзишкори 32-солаи доғистонӣ дар ҳисоби худ 29 ғалаба дорад ва то охири фаъолияти касбиаш ҳеҷ нафаре ӯро мағлуб накардааст.
Аммо дар моҳи декабри соли равон варзишкор эълон кард, ки дар сурате, ки агар ба ӯ 100 миллион доллар пешниҳод кунанд, метавонад дубора ба фаъолияти касбиаш даст занад.